Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ронандаҳои одамкуш ҳамасола ҷони 1 млн нафарро мерабоянд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурусти “Истиқлол” вобаста ба “Ҳафтаи чоруми Глобалии бехатарии  ҳаракати нақлёт”, ки аз 8 то 14 май баргузор гаштаи истодааст, мизи мудаввар баргузор шуд.

Дар он намояндагони соҳаи тандурустӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Разоқов Абдувалӣ, сармутахассиси Вазорати Тандурустӣ оид ба  осебшиносӣ-радодӣ, профессор, ҷамъомадро оғоз намуда,  вобаста ба оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ суханронӣ намуд. Номбурда қайд кард, ки дар миқёси ҷаҳон 5 миллион нафар дар натиҷаи осебҳо мефавтанд, ки аз инҳо 1 миллион дар садамаҳои нақлиётӣ, яъне ҳар шаш сония як кас вафот мекунад.  Дар ҷумҳурӣ бошад, ҳамасола  то 200000 ҳазор нафар осебҳои умумӣ мебардоранд, ки аз он 420 то 490 нафарашон мефавтанд. Ҳамчунин дар қиёс бо кишварҳои пешрафта, ки рақами ягонаи қабули ҳодисаҳои фавқуллодаро доранд, бигзор дар Тоҷикистон низ чунин рақам ҷорӣ карда шавад. Масалан, дар онҷо ба рақами 911 занг зада хабар медиҳанд. Кормандони ин ниҳод ҳодисаро ба сохторҳои марбут ирсол менамоянд, ки барои шаҳрвандон роҳи осон аст.

Абдуқаҳҳор Холов, сардори шуъбаи назорати роҳҳо ва ташкили ҳаракат дар роҳҳо, чунин гуфт: Баъд аз насби камераҳои назоратӣ садамаҳои нақлиётӣ то 20 фоиз кам шудааст.  Дар соли 2016 бар асари 1326 садамаи наќлиётї 427 нафар шањрвандон ба њалокат расида, 1419 нафар љароњат гирифтаанд. Нисбат ба соли 2015 шумораи садамањо 149 адад (10,1 %), њалокшудагон 22 нафар (ё 4,9%) ва маљрўњшудагон 157 нафар (10,0 %) кам шудааст.

Вобаста ба пешниҳоди корманди тандурустӣ оиди рақами ягона гуфт, ки чунин рақам вуҷуд дорад, ки он 1919 мебошад, ки сокинони ҷумҳурӣ метавонанд дар ҳама маврид муроҷиат карда метавонанд.

Маҳинаи Давлат 

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. ОдАмЧаИ уууннааууу)))) 11.05.2017 01:08

    Мавзӯӣ доғи рӯз(((

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.