Ронанда сабабгори марги модар шуд

Дирӯз дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, Мавлонов Умедҷон аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, автомашинаро чаппа кардааст, ки дар натиҷа модари ронанда ба ҳалокат расидааст.

Дирӯз дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, Мавлонов Умедҷон аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, автомашинаро чаппа кардааст, ки дар натиҷа модари ронанда ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, санаи 17-уми июни соли 2019, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BMV», Мавлонов Умедҷон Шамсиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, автомашинаро чаппа кардааст.

Тавре манбаъ зикр мекунад, дар натиҷа мусофири дохили автомашина, модари ронанда Ҳоҷиева Шаҳодат Ҳоҷиевна, соли таваллудаш 1940, сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *