Ронандае, ки зани роҳрубро пахш карда фирор намуда буд дастгир гардид

РВКД Душанбе хабар дод, ки ронандае, ки соати 03. 31 май як зани роҳрӯби 34-соларо дар кӯчаи Қаробоеви пойтахт бо мошинаш зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд дастгир кардаанд. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Тавре манбаъ хабар медиҳад, «ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 7222 СМ 01, сокини 28-солаи кӯчаи Чортути шаҳри Душанбе Алиев Сангмаҳмад дар ҳақиқат 31 май, тақрибан соати 03:10 дақиқа дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст. Номбурда ба ҷойи он ёрии амалии худро ба ҷабрдида расонад, баръакс худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст” – гуфтаи мешавад дар иттилиояи РВКД.
Иттифоқан зани ҷабрдида низ сокини ҳамин кӯчаи Чортут будааст. Айни замон ҷабрдида, Саъдуллоева Холбӣ баъд аз муоинаи табибон ба хонааш рухсат дода шуда, саломатиаш хуб мебошад, хабар додааст маркази матбуоти РВКД Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *