Ронандахонум нӯшид ва пиёдагардро кушт (Видео)

Лолагул Холиқова, як сокини ноҳияи Восеъ шаби 1 ноябр дар ҳолати мастӣ бо мошинаш як раҳгузарро дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ пахш кард. Бар асари ин садама Сафаралӣ Розиқови 35-сола ба ҳалокат расид. Лолагул Холиқова аз ҷои ҳодиса фирор кард, вале баъди чанде дар Душанбе дастгир шуд. Маълум шуд, ки ӯ нафақат маст буд, балки ҳуҷҷати ронандагӣ ҳам надоштааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Лолагул Холиқова, сокини ноҳияи Восеъ, соли таваллудаш 1970 бо иттиҳоми дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва ба ҳалокат расондани як раҳгузар дастгир шудааст. Бино ба гузориши нашршуда дар барномаи телевизионии «Сипар”, Лолагул Холиқова шаби 1 ноябр, соати тахминан 23:40 дар ҳолати мастӣ бо мошини тамғаи «Опел-Астра”, рақами давлатиаш 43 87 ДД 03, дар ҳудуди деҳаи Конститутсияи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонист ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ Сафаралӣ Розиқови 35-соларо, ки пиёда мерафт, пахш кард.

Ҷабрдида ба сабаби бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид, вале Лолагул Холиқова аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Мақомоти милиса ӯро баъди чанде дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе дастгир карданд. Дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки Лолагул Холиқова маст будааст. Бар илова, ӯ ҳатто ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст.

Дар моҳи августи соли равон ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки муҷозот барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагиро бамаротиб шадидтар мекунад. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, тайи камтар аз се моҳе ки аз тасвиби ин тағйирот ба қонун мегузарад, дар роҳҳои кишвар 512 ронанда дар ҳолати мастӣ ва 411 нафари дигар ба сабаби надоштани шаҳодатномаи ронандагӣ дастгир шудаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 1066 садама рух додааст. Бар асари ин садамаҳо 366 нафар ҷон дода, 1105 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бар асоси қонунҳои ҷадид, ба Лолагул Холиқова барои онки дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ сари фармони мошин нишаста, ба садамаи марговар роҳ додааст, аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

ГУЗОРИШ ДАР БОРАИ ЛОЛАГУЛ ХОЛИҚОВАРО АЗ ДАҚИҚАИ 12.20 ТАМОШО КУНЕД:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *