Рубли русӣ нисбат ба сомонӣ поён рафт

Дар марказҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ ба таври ғайричамдошт поён рафт.

Имрӯз, 10-уми март Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6800 сомонӣ; 1 евро – 10.9558 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1413 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.6800 то 9.7000 сомонӣ; 1 евро аз 10.9558 то 11.2000 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1400 то 0.1413 сомонӣ. Яъне, 1000 рубли русӣ — 141 сомонӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл 1000 рубли русӣ бо 145-47 сомонӣ иваз карда мешуд. Қурби рубли русӣ дар пайи ноком шудани музокираҳои миёни роҳбари OPEC — Арабистони Саудӣ ва Русия бошиддат поин омад. Коршиносон коҳиши 7-дарсадии қурби рубл рӯзи 9 март ва то ба 74 рубл расидани қимати як долларро бадтарин нишондод баъд аз соли 2016 медонанд. Дар ҳамин ҳол, қимати нафти навъи Brent 25 дар сад кам шуда, барои ҳар бушка 33,89 долларро ташкил дод. Охири ҳафтаи гузашта дар Вена намояндагони гурӯҳи мавсум ба OPEC+, ки ба он Русияву Қазоқистон ҳам шомил ҳастанд, натавонистанд дар масъалаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ба мувофиқа расанд. Тоҷикистон дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷир дорад ва бозораш аз ин ҷанги нарх миёни Арабистони Саудӣ ва Русия бетаъсир намемонад. Зеро маъмулан муҳоҷирони тоҷик ба хонаводаашон рубл мефиристанд ва бонкҳои кишвар бар ивази он сомонӣ медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *