Русия афви сартосарии муҳоҷиронро ҳал мекунад

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия Антон Котяков, дар як баёнияаш қайд кард, ки дар бархе аз минтақаҳои кишвар аллакай камбуди шадиди муҳоҷирон эҳсос мешавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Тавре Котяков дар изҳороташ қайд мекунад:

“Вазъ дар умури муҳоҷирон вобаста ба минтақаҳои Русия гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар қисме аз минтақаҳо аллакай норасоии шадиди муҳоҷирон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои гузоштаамон, эҳсос мешавад”..

Вазири меҳнати Русия таъкид кардааст, ки феълан якҷо бо ВУД тағйирот дар умури муҳоҷиратро баррасӣ доранду ояндаи наздик пешниҳодоти мушаххасро ироа хоҳанд кард.

Қаблан РИА Новости бо такя ба ВУД Русия аз эҳтимоли афви сартосарии муҳоҷирон дар қаламрави кишвар хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи пандемия то 12 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, ки аз ин танҳо 2.5 миллион нафар расман ба қайд гирифта шудаанд.

“Пешниҳод шуд, ки дар Русия афви сартосарӣ эълон карда шавад, то муҳоҷироне, ки ғайрирасмӣ ё нимарасмӣ дар Русия қарор доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Ҳамин тариқ сабти оммавии давлатӣ амалӣ  карда шавад”, — иттилоъ дода буд ВУД.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *