Русия ҳаёти Самеъро сӯхт

      Тӯли 10 сол боз ҳамсинфам Самеъро надида будам. Шунидам, ки дар Русия кор карда аҳли оилаашонро пурра таъмин менамудааст, хурсанд шудам, ки роҳи зиндагиро ёфтааст, вале рӯзе хумори деҳа гирифту ба аёдати пайвандонам рафта, фаҳмидам, ки Самеъ як сол боз бистарист. Дилам хиҷил шуда дарҳол барои аҳволпурсӣ ба хонаашон шитофтам. Аз он Самеъи чорпаҳлӯву зебо ному нишоне намонда буд. Чашмонам бо дидани ҳоли зораш ҳавзи об гаштанд. Модари зору дилафгораш бо ашки шашқатор қисса кард: «Самеъҷон Русия меравам, пул кор карда, шуморо хор шудан намегузорам гуфта ба ҷонаш ҷабр кард. Писаракам моро хор шудан намонда худаш хору зор шуд. Рӯзи омаданаш  аввал дастонаш карахт шуданд, баъд пойҳояш аз кор баромаданд. Як сол боз хоб аст….». Дилам ба онҳо сӯхт, вале аз дастам ба ҷуз дилбардорӣ кардан дигар коре намеомад. Бо табъи гирифта ба хона баргаштам. Фикрҳои гуногун  дар сарам чарх зада майнаамро мехӯрданду оби чашмонам мешорид. «Барои ману хоҳаронаш шуда худашро қурбонӣ кард» гуфтани модараш раҳораҳ дар гӯшҳоям садо медод. Симои ғамгини ҳамсинфам, ки дар рӯйи бистари беморӣ мисли як чӯби қоқ хобида буд ва базӯр лабонашро ҷунбонда: «Шаҳрия, намедонам дардамро ба кӣ гӯям» мегуфт, ҳеҷ аз назарам дур намешуд. Дар гӯшҳоям ҳамоно суруди ҳазини ин ҷавони бемору афгор садо медод, ки аз тарона дида ба нола бештар монанд буд:

Наврӯз шудасту мо ғарибем оча,

Бемор шудему бетабибем оча.

Бемории мо куҳи ғам аст, на дард,

Муҳтоҷи дуо, зору ғарибем оча.

Аз ҳамон рӯз инҷониб ба худ намеоям. Андешаи он ки то ба кай ҷавонони тоҷик барои як луқма нони аҳли хонадонашон шуда худро дар мулки ғурбат бемору афгор мекунанд, маро ором намегузорад.

Шаҳрия, аз ш. Хуҷанд

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *