Русия ба Тоҷикистон мушаки С-300 медиҳад

Пас аз ду сол  ва баъд аз омода шудани мутахассисони худӣ Русия ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон системаи мушакии зиддиҳавоии С-300-ро медиҳад.

Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия  дар ҷаласаи солонаи ҳайати раёсати Вазорати мудофиа, ки  рӯзи 24 декабр бо ширкати Президент Владимир Путин баргузор шуд, эълон кард.

Ба гуфтаи Сергей Шойгу, дар авохири соли  ҷорӣ дар пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дивизиони системаи мушакии зиддиҳавоии С-300 ПС фаъол гардидааст.

Системаи мушакии зиддиҳавоии С-300 тавоноии нобудсозии ҳавопаймоҳи муосири низомӣ, бо шумули ҳавопаймои низомии ноаёни “Стелс”, мушакҳои балластикии миёнбурд, мушакҳои болдор ва ғайраро дорад.

Пойгоҳи 201-уми Русия бузургтарин воҳиди хушкигарди низомии Русия дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Аммо солҳои охир Русия теъдоди сарбозонашро дар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон камтар кардааст.

Ин пойгоҳ то соли 2042 ҳақ дорад, ки дар Тоҷикистон бимонад. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Ба эътиқоди коршиноси рус Андрей Грозин, пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон на танҳо ба нафъи Тоҷикистон ва Русия балки барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун “сипар” аз хатароти эҳтимолӣ аз Афғонистон хизмат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *