Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Русия шумораи парвозҳояшро бо Тоҷикистон бештар хоҳад кард

Русия шумораи парвозҳояшро  бо Тоҷикистон бештар хоҳад

Шумораи парвозҳо аз 27 августи соли ҷорӣ бештар карда мешаванд

Русия шумораи парвозҳои мунтазамро бо Тоҷикистон бештар хоҳад кард.

Аз Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавирус ба хабарнигорон гуфтаанд, ки Русия нақша дорад шумораи парвозҳоро бо панҷ кишвар афзоиш диҳад.

Тағйирёбии ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар асоси мутақобил сурат мегирад.

Шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистон ва бозгашт ба масири Маскав – Душанбе аз 2 ба 7 парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки парвозҳо ба Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб аз дигар фурудгоҳҳои Русия ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин, Русия шумораи парвозҳоро бо Маҷористон, Миср, Кипр ва Қирғизистон афзоиш медиҳад.

Илова бар ин, кишвар нақша дорад аз 27 август маҳдудиятҳои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ ба Ҷумҳурии Доминикан, Кореяи Ҷанубӣ ва Чехияро бекор кунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.