Русия танҳо ҷасади се муҳоҷирро баргардонд

Тобути се муҳоҷире, ки дар сӯхтори вилояти Тюмени Русия ҷон бохтанд, шоми 23 ноябр аз Екатеринбург ба Хуҷанд интиқол ёфта ва ба дасти наздиконашон супурда шуд. Мақомот гуфтанд, ширкати «Уральские авиалинии», ки ҳавопаймоҳояш аз Екатеринбург ба Хуҷанд парвоз анҷом медиҳад, барои дар як вақт ба Тоҷикистон овардани ҷасади ҳафт муҳоҷири тоҷик розӣ нашудааст. Тобути чор қурбонии дигари сӯхтори Тюмен рӯзҳои 24 ва 25 ноябр оварда мешаванд.

Дар сӯхтори шаби 18 ба 19 ноябри имсол дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Абсолют Агро» ҳафт сокини вилояти Суғд, асосан аз ноҳияҳои Деваштич (Ғончии собиқ) ва Мастчоҳи Кӯҳӣ ҷон бохта, се нафари дигар дар бемористон бистарианд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *