Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Русия: Тоҷикро бо борут ва тир дастгир карданд

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо як “банка” борут ва қуттии тири камон хабар доданд. Оҷонсии “Интерфакс” рӯзи 30 апрел бо такя ба қавли манбааш гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”-и Маскав дастгир шудааст.

Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 222-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз гардида, тафтишот идома дорад. Манбаи “Интерфакс” мегӯяд, “банка”-и борут ва қуттии тири камон дар бағочи шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон буд ва тавассути саги бӯйгир ёфт шуд. Бино ба хабари “Интерфакс”, ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштааст, ба Душанбе биравад.

Дар ҳоли ҳозир аз нафари боздоштшуда ному насаб бурда намешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.