Русияу Тоҷикистон ҳамкориро алайҳи маводи мухаддир тавсеъа медиҳанд

Як масъули Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маворди мухаддир аз Афғонистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кишвараш ба Тоҷикистон ҳамаҷониба кумак мекунад.

Дар ин бора Василий Писарев, раиси Кумитаи оид ба амният ва мубориза бо коррупсияи Думаи давлатӣ зимни мулоқот бо Шерхон Салимзода, раиси Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон дар шаҳри Маскав иброз доштааст.

Ба гуфтаи Василий Писарев, ҳамасола дар Афғонистон ҳудуди 8-9 ҳазор тонна маводи мухаддир истеҳсол мешавад, ки бахше аз он ба Тоҷикистон ворид мегардад.

Зимнан, Русия бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи  мухаддир ҳамкориҳои густариш медиҳад.

Масалан, дар чорчӯби амалиёти муштараки ниҳодҳои марбутаи ин ду кишвар мавсум ба “Канал” дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2,2 ҳазор ҷинояти вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ошкор ва 765 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *