Руссия барои кишварҳои ИДМ озмун эълон кард

Институти ба номи Александр Сергеевич Пушкин бо кӯмаки Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия «Озмуни дастгирии грантии тадқиқоти башардӯстона ва ташаббусҳои лоиҳавии ҷавонон ба номи академик В.Г. Костомаров»-ро баргузор мекунад.

Дар озмун шахсони аз 18 то 35 -сола, аз ҷумла: донишҷӯён, аспирантҳо, омӯзгорон, олимон ва мутахассисони ҷавон, ки шаҳрвандии яке аз ин кишварҳо: Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ё Украинаро доранд, иштирок карда метавонанд.

Озмун дар ду самт: лоиҳаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ ва лоиҳаҳои тадқиқотӣ баргузор мегардад. Иштирокчиён метавонанд ҳам инфиродӣ ва ҳам гурӯҳӣ (то 5 нафар) ширкат намоянд.

Мақсад аз баргузор кардани ин озмун таҳияи сиёсати байналмилалии ҷавонон, афзоиши таваҷҷӯҳ ба забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебошад.

Маблағи умумӣ барои баргузор кардани озмун 500000 рубл муқаррар шуда, ҳаҷми ҳар як грант 50 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо 26-уми августи соли 2021 муқаррар шуда, хоҳишмандон метавонанд худро дар сомонаи озмун https://sng.pushkin.institute номнавис кунанд.
Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *