Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рустами Эмомалӣ ба варзишгарони Бадахшон чи туҳфа кард?

Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба муносибати рӯзи варзишгарон ба варзишгарони шаҳри Хоруғ либосаҳои варзишӣ тӯҳфа кард, хабар медиҳад «ТВ Варзиш».

Инчунин ба мактабҳои футбол, волейбол, баскетбол, бокс ва ҷудо либосаҳои варзишӣ, тӯбҳо ва кимоно (хилъат барои машқи ҷудо) тақдим гардид. Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ — Сураҷ Чоршанбиев аз номи ҳамаи варзишгарони Хоруғ ба президенти ФФТ — Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои варзишгарон ва соҳаи варзиш миннатдорӣ баён карда, қайд намуд, ки фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои рушди соҳаи варзиш самти афзалиятноки кори мақомоти маҳаллӣ мебошад.

“Бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Бадахшон шумораи зиёди майдончаҳои футболӣ бо чамани сунъӣ сохта шудааст. Ба ғайр аз футбол, инчунин варзишҳои волейбол, баскетбол, бокс ва гӯштӣ дар ин ҷо дар ҳоли рушд қарор доранд. Дар вилояти мо варзишгарони зиёде ҳастанд, ки аз онҳо мо ифтихор мекунем».

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.