Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рустами Эмомалӣ: Минбаъд реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасони зери назорати қатъӣ қарор гиранд

Минбаъд  муқаррарсозию  мувофиқа намудани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо,  хизматрасонии маишии ҳудуди пойтахт,  новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон  аз ҷониби Комиссияи дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зери назорат қарор мегиранд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси щаҳри Душанбе хабар медиҳан,  ин амал бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатӣ,  сода гардонидани тартиби муқаррарсозӣ ва мувофиқаи реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ  равона гардидааст.

Рустами Эмомалӣ   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки  бо мақсади таъмини  иҷрои қарори мазкур ва пешгирии халалдор кардани оромии сокинони пойтахт  тадбирҳои зарурии таъхирнопазир андешад. Зеро баъзан аз ҷониби марказҳои хизматрасоние, ки  дар ошёнаҳои якум ва наздикии биноҳои истиқоматӣ ҷойгиранд,  реҷаи корӣ риоя намешавад, ки   ин  сабаби халалдор гардидани оромии сокинони шаҳр дар соатҳои дамгирии онҳо баъди фаъолияти корӣ   мегардад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.