Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рустами Эмомалӣ солим аст ва ба Исроил ҳам нарафтааст

Ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри як изҳорот хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалиро, ки гӯё мубталои бемории саратон мебошад, шарҳ додааст.

Шаҳрдории Душанбе навишт, 29 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти бардурӯғ ва ё бо истилоҳи имрӯза “фейк” дар бораи вазъи саломатии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ паҳн карда шуд.

Навиштан ва паҳн кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвари мо мебошад.

Ин иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона шудааст», — омадааст дар изҳорот.

Таъкид шудааст, ки мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад.

«Дар «фейк»-ҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре ки шумо медонед, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ, ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ аст. Агар муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд», — таъкид кардааст шаҳрдорӣ.

Манбаъ афзудааст, маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки он маълумоти носаҳеҳ ва ғаразнок аст.

«Мо расман изҳор менамоем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст», — таъкид кардаст манбаъ.

Шаҳрдорӣ афзудааст, ки Рустами Эмомалӣ комилан солим ва нерӯманд аст, ки онро баҳри ободонии шаҳри Душанбе ва умуман кишвар сарф мекунад.

«Ҷавонӣ, некбинӣ ва саломатии аъло ба ӯ имкон медиҳад, ки бори иловагиро бар дӯш гирад ва имрӯз ӯ вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ иҷро мекунад. Аз ин рӯ, мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд», — омадааст дар муоҷиатномаи ҳукумати Душанбе.

Хабарҳо дар бораи бемории Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қавли Дани Энгел, як масъули бемористон дар Исроил нашр шуда буданд, ки бар асоси он, гӯиё шаҳрдори Душанбе гирифтори бемории саратон буда, дар Исроил ҷарроҳӣ ва табобат ёфтааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj