Рустами Эмомали

Рустами Эмомалӣ бо мири шаҳри Нур-Султони Қазоқистон мулоқот хоҳад кард

Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқи худ, мири шаҳри Нур-Султон ва намояндагони сенати Қазоқистон вохӯрӣ ва мулоқот доир мекунад

Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни сафари худ ба Қазоқистон бо мири шаҳри Нур-Султон, Алтай Кулгинов мулоқот хоҳад кард.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз маъмурияти раиси шаҳрдорӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, раисони шаҳри Душанбе ва Нур-Султон меморандум ба имзо мерасонанд ва ҳамзамон ин ду шаҳр мақоми бародаршаҳрро мегиранд.

Маълум аст, ки вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо ҳамтои қазоқаш соати 16:00 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ баргузор мегардад.

Илова бар ин вохӯрию мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо намояндагони гуногун пояи  Қазоқистон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 23 сентябр Рустами Эмомалӣ бо як ҳайати расмӣ вориди Қазоқистон шуд. Ин саввумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба хориҷи кишвар мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Ӯзбекистон сафар намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *