Рустами Эмомалӣ дар Қурғонтеппа

Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон,Рустами Эмомалӣ, субҳи 22 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа ду майдони бозии футболро расман ифтитоҳ намуд. Аз Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, ки баъди расми ифтитоҳи майдонҳои футбол дар маҳаллаи Ваҳдати ин шаҳр, бозии шаш дастаи оғоз шуд.

Исроил Шарипов, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва раҳбари тими футболи «Вахш»  гуфтааст, ки ин майдонҳои бозии футбол бо кумаки молии Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё таъсис ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ Рустами Эмомалӣ рӯзи 22 сентябр инчунин майдони дигари бозии футболро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор медиҳанд ва онҷо низ бозии футбол миёни наврасону ҷавонон оғоз мегардад. Ин бозиҳо бахшида ба 25-солагии истиқлолияти кишвар ташкил шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *