Сӯхтор дар бозори Данғара(видео)

Шаби 30-ум ба 1-уми июл дар бозори марказии ноҳияи Данғара сӯхтор сар зад.

Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намуданд, дида мешавад, анбуҳи зиёди одамон бо саросемагӣ мехоҳанд дари дӯконеро боз кунанд. Зеро дар чанд дӯкон сӯхтор ба амал омадааст. Тавре дар навор дида мешавад, масоҳати сӯхтор он қадар бузург набуда, танҳо ду -се дӯконро фаро гирифтааст. Дар хусуси хисороти расонидаи сӯхтор дар бозори марказии Данғара маълумоти лозима дар даст нест. Сомонаи “Pressa.tj” мавзӯъро пайгирӣ намуда, ҷузъиёти бештарро пешниҳоди хонандагон хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *