СҶТ: Ваксина аз коронавирус ба ҳама дастрас мешавад

“Мардум қабули ваксинаи коронавирусро на дертар аз нимаи аввали соли 2021 сар мекунанд”- гуфт Майкл Райан, директори барномаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи СҶТ.

Суханронии ӯ аз ҷониби ин созмон дар “Твиттер” пахш шуд.
“Бо вуҷуди пешрафт дар ин замина,мо бояд воқеъбин бошем” гуфт Райен. Вай инчунин қайд кард, ки ТУТ барои таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба ваксина кор карда истодааст.
«Ваксинаҳо барои ин пандемия барои сарватмандон ва камбизоатон нестанд, онҳо барои ҳама ҳастанд» гуфт Райен.
Тибқи охирин маълумоти ТУТ, ҳангоми паҳншавии ин беморӣ дар ҷаҳон беш аз 14,5 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор шуда, зиёда аз 607 ҳазор нафар ҷон додаанд.

А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *