Сӯхтор дар Панҷакент: Ҳалокати модар бо ду тифли хурдсол

Сӯхтори шаби 2-юми июл, ки дар деҳаи Баҳори шаҳри Панҷакент ба амал амада буд ҷони келини хонадони Баёнуфҳоро бо ду тифли хурдсолаш аз байн бурд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар меадиҳад, сӯхтори мазкур шабона соати 23:18 дақиқа рух додааст. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, ки он аз қисми оташнишонӣ дар масофаи 37 км ҷойгир аст, аланга 70 метри мураббаъ болопӯш ва дохили манзили истиқоматиро фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии он ба дигар биноҳои ёрирасон ва манзилҳои шаҳрвандон вуҷуд дошт. Зимни амалиёти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент роҳҳои паҳншавии оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ шуда, сӯхтор бо истифода аз як адад нақлиёти соҳавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд.

То ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, дар натиҷаи сӯхтор келини соҳибхона Таҳмина Каримова, соли таваллудаш 1977 бо фарзандонаш Меҳваршои чаҳорсола ва Талабшои дусола ба ҳалокат расиданд.

Инчунин соҳибхона Баён Солиев, соли таваллудаш 1964 дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо 99% сӯхтагии бадан ва 30% сӯхтагии роҳҳои нафас бистарӣ шудааст.

Сабаб ва гунаҳгори ҳодиса муайян карда мешавад. Зарар аз сӯхтор 7780 сомонӣ буда, маблағи молу мулки эмин нигоҳдоштаи оташнишонон ба 122 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар ҷойи ҳодиса роҳбарияти Хадамоти давлатии оташнишонӣ, прокуратура, гурӯҳи фаврии ШВКД дар шаҳри Панҷакент ва дигар хадамоту мақомоти дахлдор ҳузур доштанд. Тафтишоти ин қазияро прокуратураи шаҳри Панҷакент анҷом медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *