“Сӯи марзи Тоҷикистон оташ накушоед!”
Ҷангиёни созмони террористии Толибон* талоши убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро накардаанд
Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири Департаменти дуюми ВКХ Русия изҳор дошт, ки ягон далели қасди Толибон* барои убури марзи Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст.
Зимни суҳбати онлайнӣ ӯ афзуд, ки ҳудуди 1600 низомии афғон ба Тоҷикистон фирор намуда, онҳо аз қаламрави ин ҷумҳурӣ сӯи ҷангиёни Толибон* оташ кушодаанд.
“Аз дарёи Панҷ гузашта, онҳо аз соҳили дигар, онҳо аз қаламрави Тоҷикистон сӯи гуруҳи Толибон* оташ кушоданд”, — изҳор дошт дипломат.
Ҷангиёни Толибон* аз сӯи роҳбарияташон фармон гирифтанд, ки сӯи марзи Тоҷикистон оташ накушоянд, афзуд манбаъ.
Кобулов изҳори боварӣ намудааст, ки Толибон* қаламрави Афғонистонро гирифта истодаанду таваҷҷуҳе ба ҳудуди кишварҳои ҳамсоя надоранд. Фиристодаи Путин гуфт, дар ин бора Толибон* тайи 7 соли охир пайваста таъкид мекунанд. Ӯ афзудаст, ки Толибон* бо нерӯҳои дигари террористӣ, аз ҷумла ДОИШ*, ки қасди қаламрави кишварҳои ҳамсоя, Осиёи Марказӣ, Покистон ва Эронро доранд, мубориза мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ