Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сабаби муфлисшавии бонкҳо маълум шуд

Бонки миллии Тоҷикистон кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои баландро сабаби мушкилиҳои молиявӣ дар низоми бонкии кишвар номид.

Зимнан, Бонки миллӣ тағиротҳои ба наздикӣ қабулшуда ба Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ёдрас шуда гуфт, ки он барои ислоҳи чунин вазъ таҳия шудааст.

“Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад” ,-афзуд ин ниҳоди молии кишвар. Манбаъ мегӯяд, тағиротҳое, ки дар қонунгузорӣ қабул карда шудаанд, минбаъд имкон намедиҳанд, ки хешовандони наздик дар вазифаҳои роҳбарӣ ва аъзои шӯрои нозирони бонкҳо ширкат кунанд.
Ёдовар мешавем, нимаи моҳи август, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тағйиру иловаҳо ба ин қонунро имзо кард. Ба таъкиди Бонки миллӣ, тағйиру иловаҳо ба қонун ба пешгирии фасод ва маҳдуд кардани кори муштараки хешовандони наздик дар бонкҳои кишвар равона карда шудаанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.