Сабукӣ ба муҳоҷирон: Таъсиси маркази нав барои кӯмак

Шӯрои уламои мусалмонони Русия дар 18 минтақаи кишвар барои муҳоҷирон Маркази имдодрасонӣ ифтитоҳ мекунад. Ба ин марказ тамоми муҳоҷирон новобаста аз дину миллаташон метавонанд муроҷиат кунанд.  Хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои муроҷиат будубоши қонунӣ ё ғайриқонунии муҳоҷирон муҳим нест.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои мусалмонони Русия Албир Крганов ин лоиҳа дар 18 минтақаи Русия ба роҳ монда шудааст.

«Дар давоми чанд ҳафта мо сомонаи «Росмигрант.рф»-ро бо чанд забон роҳандозӣ мекунем. Дар он ба масоили муҳоҷиратӣ маълумот дода, хоҳишмандон метавонанд ба саволҳояшон тариқи WhatsApp, Viber ё тариқи паёмак посух гиранд», — қайд мекунад Крганов. 

Крганов гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо ин муҳоҷиронро корфармоён истифода мебаранд ва шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя кунанд.

«Мо ҳама якҷо барои ҳалли мушкилии эшон кӯшиш хоҳем кард, зеро мақсади мо кӯмак аст, на ҷарима ва ё ихроҷ», — мегӯяд муфтӣ.

Дар навбати худ Шӯрои уламои мусалмонони Русия бо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, сафоратхонаҳо, ВКД, ки ин лоиҳаро пешниҳод кардаанд, ҳамкорӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *