Садақаи маҷбурӣ: чаро дар масҷид аз намозгузорон пул металабанд?

Рӯзи саиди ҷумъа ҳам омад. Одатан мардуми мо дар ин рӯз зикр мекунанд. Хусусияти дигари ин рӯз он аст, ки одамон ҳама орзуву нақшаҳояшонро ба ёд оварда, даст сӯйи Худованд бардошта,  барои амалӣ шудани онон дуо мекунанд. Дар зер матнеро меорам, ки вақти амри маъруф кардани имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъамон дар телефонам навиштам.

Соат 12:50 аст. Мо вориди масҷид шудем. Маъмулан дар ин вақт азони аввал гуфта мешавад. Ҳоло чаро аз азонгӯву азон дараке нест? Ба садои имомхатиб гӯш додам: “Рӯзи ҷумъа ба ҷойи он ки хатиб аз пайи мавъиза шавад, дар фикри пули барқу об аст… Бародарони аҳли ислом, агар тавонед, кумакатонро дареғ надоред, то ки маблағи қарзи барқамонро диҳем…”

Имомхатиб “мавъиза”-ашро давом дода истодааст. Мардум ноорому беқарор шуданд. Дар дасти ман телефонам асту дастҳои дигарон дар ҷайбашон. Ба сафи пеш назар мекунам. Як марди лоғарандом бо як халтаи сафед бо тартиби муайян миёни сафҳо гашта истодааст. Назди ҳар намозгузор бо умед қадам монда, халтаро аз таги манаҳаш мегузаронад. (Маънои ин амал пулро барор аст. Ҳ.Т). Соат 13:00 шуд. Садои муаззин баромад.

Бисёр бад аст, вақте ки мо нархи қувваи барқро барои хонаи Худо ду маротиба гарон мекунем…

Бисёр бад аст, вақте ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки зиёда аз 90 фоизи аҳолӣ даъвои мусулмонӣ доранд, хонаи Худо аз хизматрасониҳои коммуналӣ қарздор бошад…

Бисёр бад аст, вақте ки аз мардуми одӣ ва қисме нодор барои хонаи Худо пул талаб карда шавад…

Бисёр бад аст, вақте ки моро ба садақаи маҷбурӣ даъват мекунанд…

Бисёр бад аст, вақте ки як имом, як воиз, як намояндаи дин ба ҷойи амри маъруф кардану мардумро ба некиву накукорӣ даъват кардан, ба пулҷамъкунӣ вақташро сарф мекунад…

Бисёр бад аст, вақте ки як хориҷӣ аз қарзҳои масоҷиди мо назди дигаре лаб мекушояд…

Бисёр бад аст, вақте ки мо дорои бузургтарин иншооти аср-Роғун ҳастем, вале масоҷидамон аз барқ қарздоранд…

Қазоват бар шумост.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *