Садамаҳои пурқурбони дар як рӯз

Рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Ларгус”, Ниязов Муҳаммади Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон ба қисмати тарафи рости автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-180”, таҳти идораи Ғаниев Кароматулло Маҳмадиевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати шаҳраки Оби-киик, ки дар байни роҳ истода буд, бархӯрда ба чуқурии тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Лада-Ларгус” Асланов Додоҷон, соли таваллудаш 1943, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Холов Абдусалом Тулаганович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Лендкрузер», таҳти идораи ронанда Одинаев Мирҷон Донаевич, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абраева Бибисоро Эргашевна, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Холов А.Т. ва дигар мусофиронаш Иброимова Қизларгун Шомуратовна, соли таваллудаш 1961, Ахмедова Бозорой Қарҷоновна, соли таваллудаш 1967, сокинони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *