Садама боиси баста гардидани роҳ гардид

Ширкати байналмилалии IRS дар саҳифаи худ дар Фейсбук аз садамае хабар дод, ки чанд лазҳа пеш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додааст.

Бино ба гузориши манбаъ садамаи мошин дар километри 59-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух додаву бо вуҷуди он ки сабабгори муваққатан баста шудани роҳ шуд, вале хушбахтона қурбонӣ надошт.

Дар хабар мехонем:Чанд дақиқа пеш дар километри 59 — уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ садамаи нақлиётӣ ба амал омад. Дар натиҷа роҳ муваққатан (ним соат) баста шуд.

Кормандони бахши Ширкат филфавр ба макони рух додани ҳодиса расида, дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои садамаро бартараф карда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *