Садама дар нақби “Истиқлол” ва марги ронанда (аксҳо)
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд автомобили боркаш ба даромадгоҳи нақби “Истиқлол” бархӯрда, боиси марги ронанда гардид.
Тавре филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Тоҷикистон” дар саҳифаи Фейсбук хабар медиҳад, чанд лаҳза пеш дар километри 78 — уми роҳи Душанбе — Чанок ронандаи автомобили боркаш, рақами давлатиаш 4722МР01 аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ба даромадгоҳи нақби “Истиқлол” бархӯрд.
“Мутаассифона, бар асари садамаи мазкур мусофири воситаи нақлиёт, баъд аз интиқол ба беморхона аз дунё гузашт. Ҷоиз ба зикр аст, ки кормандони мо аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама ба макони ҳодиса сафарбар шуда, ба осебдидагон кӯмак расониданд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Аммо то ҳол БДА-и Тоҷикистон дар ин бора ва шахсияти ронанда хабар надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ