Садама: Ронанда дар Рашту ноболиғ дар Шаҳринав фавтиданду…

Вазорати умури дохилӣ аз садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон хабар медиҳад

 Дар ду садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду кас ҷон бохту ду нафари дигар дар бемористон бистарӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои  дохилаи Тоҷикистон.

Дар садамаи аввалӣ, ки дар ноҳияи Рашт рух додааст, ронанда ба ҳалокат расида  мусофир дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Тибқи гузориши ВУД, ин ҳодиса шоми 19-уми ноябр, тахминан соати 18:30-дақиқа рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21061», сокини 59 — солаи ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи деҳаи Шаҳринави ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба санги канори роҳ бархӯрдааст.

«Дар натиҷа, ронандаи худрави мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофираш, зани 45 — солаи сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», — омадааст дар хабарнома.

Ҳодисаи дигари нохуши нақлиётӣ шаби 19-уми ноябр, тахминан соати 20:30-дақиқа рух додааст.

Дар ин ҳодиса ноуҳдабароии ронандаи боркаши тамғаи «Шаанхи», сокини 54 — солаи ҷамоати шаҳри Ҳисор, боиси марги ноболиғ шуд.

Ӯ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард — ноболиғи 9 — сола, сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *