Садамаи марговар: Пахши духтарча болои хати гузаргоҳ

Ҷамии Ҳамид, ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-некси»  ҳангоми босуръати балан ҳаракат намуданаш пиёдагарди ноболиғ Исроилова Фаридаро болои хати пиёдагард пахш намуда ба ҳалокат мерасонад, хабар медиҳад дафтари мат буоти ВКД.

Тавре менбаъ менависад, рӯзи 1-уми июли соли 2020, тахминан соати 22:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Деу-некси» Ҷамии Ҳамид, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Н.Қарабоев аз самти кӯчаи Абая ба самти кӯчаи С.Шерозӣ, дар болои хати гузаргоҳи пиёдагардон, пиёдагарди ноболиғ, Исроилова Фарида Шодиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Исроилова Ф,Ш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас кардан ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *