Садамаи марговар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок

Бархӯрди сахти ду мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, яъне дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳ боиси марги 3 нафар гардид. Инчунин, се мусофири дигар дар натиҷаи садама дар беморхонаи вилояти Суғд бистарӣ гардидаанд.

Тавре ки сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 14-уми майи соли 2020, тахминан соати 10:00 рух додааст. Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Азизов Умарқул Нозимович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар 278 километрии ҳудуди ноҳияи Спитамен аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ашуров Камолиддин Султонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Деваштич, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Азизов Субҳонқул Низомович, соли таваллудаш 1982, Шарифова Ибодат Муқаддасовна, соли таваллудаш 1961, сокинони ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Нуров Шукур, соли таваллудаш 1949, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, ронандагони автомашинаҳои мазкур Азизов У.Н., Ашуров К.С. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Кучаков Илҳом Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *