Садами марговар дар Турсунзода

Субҳи рӯзи 29 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” Худойназарзода Беҳрӯзи Нуралии 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи, шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракатдар километри 51-уми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода”, ҷамоати деҳоти Сешанбе пиёдагард, Маҳмадраҳимов Мурод Умурзоқович соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ёвонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст

Дар ҳодисаи дигар рӯзи 16 ноябр шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон даромада, аз он ҷо 1-ҷуфт гӯшвори тиллогин ва 1-адад ангуштарини тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 900 долларӣ амрикоиро ташкил медиҳад. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, зани 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи мазкурро бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *