Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафаре ба олами мошинҳои нодир

Меҳмонони “Авто-ретро Душанбе” метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои “Победа”, “Москвич”, “Волга”, “Запорожец”, “Лада”, “Volkswagen”, “Ford”, “Chevrolet” “Pontiac” ва албатта, “Mercedes-Benz”, ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд.

Рӯзи 14 сентябр дар пойтахти кишвар “Авто-ретро Душанбе”, ҳаштумин фестивал-намоишгоҳи “мошинҳои нодир” -мошинҳои нодиру эксклюзивӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ин замина қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Дар Намоишгоҳи мазкур мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Олдтаймер» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад.

“Меҳмонони “Авто-ретро Душанбе” метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои “Победа”, “Москвич”, “Волга”, “Запорожец”, “Лада”, “Volkswagen”, “Ford”, “Chevrolet”, “Pontiac” ва албатта, “Mercedes-Benz”, ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд”-хабар додааст хабаргузории “Ховар”.

Нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.