Сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Подшоҳии Белгия

Аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 сафари ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода — Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ба ш.Брюссели Подшоҳии Белгия доир гардид.

Рӯзи 29 декабр дар бинои Сенати Белгия вохӯрии ин ҳайат бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии сенатор Алайн Дестекс баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстона роҳҳои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгияро баррасӣ намуда, ҳамзамон роҷеъ ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, вазъи сарҳад бо Афғонистон ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.

Рӯзи 1 декабр дар бинои Парлумони Аврупо дар ш. Брюссел ҷаласаи панҷуми Кумитаи парламентии ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии Шариф Раҳимзода — Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Ивета Григуле – роҳбари ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагӣ карданд.

Зимни иҷлосия масъалаҳои марбут ба ҳадафҳои авлавиятноки стратегии Тоҷикистон, вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷахонии Савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Таваҷҷӯҳи хоса ба масоили гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди мубориза ба терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарҳадот, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва вазъият дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия дода шуд.

Ҷонибҳо мавзуоти роҷеъ ба идоракунии захираҳои об ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зистро мавриди муҳокима қарор доданд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон нақши муҳими Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкори байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро ҳамчун заминаи тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба маънидод кард. Ӯ зикр намуд, ки густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ҳамчун василаи самаранок барои пешгирии низоъҳо, мусоидат ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ хизмат намояд.

Дар охир изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи сеюми Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Муқаррар шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумита соли 2017 дар ш.Душанбе баргузор гардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *