Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Шанхай(СҲШ) ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷа, Азамшо Шарифӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаи робитаҳои хориҷӣ, Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин хусус дафтари матбуоти президент хабар дода, таъкид мекунад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ хабар медиҳад, ки қарор аст дар ин сафар президенти Тоҷикистон бо Ислом Каримов мулоқоти як ба як анҷом медиҳад.
Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай(СҲШ) рӯзҳои 23 ва 24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *