Сафи генералҳои ВКД афзуд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар  касбии кормандони милиса ба 4 масъули Вазорати корҳои дохилӣ унвони генерал-майор дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаҳои махсуси навбатии Генерал — майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, сардори раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, сардори Академияи ВКД, Қунғуротзода Фотеҳ, сардори раёсати корҳои  дохилии Душанбе ва Мирализода Рустам Азиз намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ, сарфароз гардиданд.

Манбаъ мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амният даъват намуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *