Сафир мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба ҷанги Қарабоғ гуфт

Рустам Солӣ мавқеи расмии ҷумҳуриро дар бораи он, ки тамомияти арзии Озарбойҷонро Тоҷикистон эътироф мекунад, иброз доштааст.

 Прокурори генералии Озарбойҷон Комрон Алиев ва сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ муноқишаи низомиро дар Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ карданд

 Прокурори генералии  Озарбойҷон Комрон Алиев бо сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистондар ин кишвар  Рустам Солӣ мулоқот кард.Хабр медиҳад Маркази  матбуотии ин ниҳод.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Озарбойҷон ба масъалаи низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ тамаркуз кардааст. Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ мавқеи расмии ҷумҳуриро дар бораи он, ки тамомияти арзии Озарбойҷонро Тоҷикистон эътироф мекунад, иброз доштааст. Манбаъ мегӯяд, тарафҳо ҳамзамон дар муколама аз рушди бомуваффақияти муносибатҳои дуҷонибаро гуфтаанд.Гуфта мешавад, дар охири  мулоқот Алиев ва Солӣ дар бораи ҳамкориҳои прокурорҳои ду кишвар, кӯмаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ, истирдоди ҷинояткорон  ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *