Сафири Ӯзбекистон хушбин аст

Сафири Узбекистон дар Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар шудани равобити Тошканду Душанбе дар ояндаи наздик ибрози умедворӣ карда ва гуфт, ки муносибати ду ҳамсоя вориди ҷараёни тоза шудааст.

                          

Шоҳислом Шоҳқосимов рӯзи 25 октябр дар як нишаст дар Душанбе, ки бо ширкати намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҷараён гирифт, гуфтааст, ки  «умед аст, муносибатҳо баъди сафари вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шудааст, боз ҳам рушд кунанд.»

Шоҳислом Шоҳқосимов бештар аз ҳаққи ҳамсоядорӣ суҳбат карда ва гуфтааст, бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иртибототӣ миёни ду кишвар ба ҳадди лозим тавсеа ёбанд.Баҳонаи нишасти Шоҳқосимов муаррифии суханронии Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбекистон, дар ҳамоиши вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Тошканд буд, аммо дар ҷараёни он ба чанд суол дар бораи вазъи муносибатҳои ду ҳамсоя низ посух додааст. Нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ҳафтаи гузашта дар Тошканд баргузор шуд ва дар кори он Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам иштирок дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *