Сафорати Амрико: Шаҳодатномаҳо ба рӯзноманигорони тоҷик

 

Санаи 29-сентябри соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе маросими супоридани шаҳодатномаҳои хатми курси омӯзиши забони англисӣ дар марҳилаҳои гуногун барои солҳои 2017-2018 ҷамъбаст гардид.

Маросими шаҳодатномасупориро Хайришо Шонусайриев, сардори филиали донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Душанбе  кушода, меҳмононро хушомадед ва хатмкунандагонро табрику таҳният гуфт.

Дар ин маросим  Алиакбар Песнани, намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, Др. Богдан Кравченко, декани Мактаби олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Брайн Гайбел, муовини Директори идораи матбуот ва дипломатияи Ҳукумати Амрико дар умури Осиёи ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ, Хонум Шарофат Мамадамбарова, узви Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, хатмкунандагон ва дӯстони онҳо иштирок доштанд.

Хайришо Шонусайриев, дар суханронии хеш қайд кард, ки аз рӯзи кушодашавии Маркази ММКД дар шаҳри Душанбе то имрӯз 10 сол гузашт ва теъдоди шунавандагони Марказ то имрӯз ба 30.000 нафар расидааст. Талаботи рӯзафзуни шунавандагони курсҳои ММКД-ро ба инобат гирифта, соли 2015 Маркази дуюми таълимӣ дар шаҳри Душанбе кушода шуд ва ҳар ду марказ ҳамакнун дар як вақт то 2000 нафар шунавандагонро аз рӯи барномаҳои забони англисӣ, забони русӣ, муҳосибӣ, технологияи информатсионӣ, омодагӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, арифметикаи зеҳнӣ ба таҳсил фаро гирифта истодаанд.

Сарпарасти гурӯҳи рӯзноманигор-донишҷӯён Сафорати Амрико дар Тоҷикистон буда, дар ин рӯз тақрибан 200 нафар соҳиби шаҳодатномаи ДОМ гардиданд. Муаллимони донишгоҳ низ барои натиҷаи хуби кориашон соҳиби шаҳодатномаи Кембриҷ гардиданд.

Бахтиёр Давлатмуродов, омӯзгори забони англисӣ, ки ба ду гурӯҳи рӯзноманигорон забони англисиро таълим медиҳад, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшуда муддати 9 моҳ рӯзноманигоронро омӯзиш дода, муваффақ ҳам шудем. Дар муддати таҳсил кӯшиш кардем, ки донишҷӯёни мо бо забони англисӣ бе мушкилот фикрашонро баён намоянд ва хушбахтона ба ин дастовард ноил гаштем. Мо аз рӯи лоиҳа фаъолияти берун аз дарсро роҳандозӣ намудем, ки барои суханронии озод ва андешаҳои ҷолиб мусоидат мекунад.

Др. Богдан  Кравченко, декани Мактаби олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳодатномаҳоро тақдим намуд ва дар охири маҳфил барномаи консертӣ бо иштироки санъаткорон  баргузор гашт.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *