Саховати навбатии Турсуной Зокирова

Ғолиби озмуни “Сабқати экстрасенсяҳо”-и( Битва Экстрасенсов) ширкати телевизионии ТНТ-и Русия Турсуной Зокирова ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд навтарин таҷҳизоти тиббиро ба арзиши 216 ҳазор сомонӣ тақдим кардааст.

Ин таҷҳизот қарор аст байни ҳафт муассисаи тиббии шаҳрҳои Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва бемористонҳои шаҳри Хуҷанд тақсим карда шавад.

Ҳамчунин хонандагони мактаби миёнаи рақами 4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Турсуной Зокирова техникаи компутарӣ дарёфт карданд.  Инчунин ӯ қаблан барои чандин бехонаҳо хона, барои бемактабон мактаб сохтааст ва ин ҳамаро аз пули худ ба ихтиёри давлат мегузорад. Турсуной Зокирова чанд сол пеш дар як сабқати телевизионӣ дар Русия, ки шабакаи телевизионии ТНТ баргузор карда буд, ширкат намуд ва миёни ҳамаи экстросенсҳои иштирокчӣ ҷойи аввалро гирифт.

Турсуной Зокирова мегӯяд, тавоноиҳои эстросенсии худро аз гузаштагонаш ба мерос гирифтааст. Вай дар 18-солагӣ ба шавҳар баромадааст ва 27 соли дароз зиндагонии хуши оилавӣ доштааст. Баъди марги нобаҳангоми модараш зарфиятҳои ҷолиберо дар худ кашф кардааст. Аз он вақт ба инҷониб истеъдоди худро барои табобати мардум ва пешгирӣ аз баъзе ҳодисаҳои нохуш сарф мекунад. Дари ӯ ҳамеша серодам, корафтодагони зиёде наздаш меоянд ва ҳамаи сармояи ӯ аз ҳамин ҳисоб аст. Вале ин ҳамаро бо бо мардум ба ҳам мебинад, хайру садақа мекунад, даст ба ободкориҳо мезанад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *