Саидмукаррам Абдуқодирзода “доктор муфтӣ” шуданд

Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 8 октябр рисолаи докториашро ҳимоя кардааст.

Ӯ соли 2012 дар мавзӯи «Арзиши адабии «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ» рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ шуда буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода 57 сол дошта, аз соли 2010 раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон мебошад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода соли 1963 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон (собиқ ноҳияи Совет) дар оилаи рӯҳонии шинохта домулло Абдулқодир ба дунё омада, маълумоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии динӣ ва ҳифзи кулли Қуръони каримро дар зодгоҳаш гирифтааст. Аз соли 1995 то соли 2000-ум дар риштаи Усули дини Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон дар бахши Тафсир ва Ҳадис таҳсили илм карда, солҳои 2000-2003 дар аспирантураи ҳамин донишгоҳ таҳсил кардааст. Абдулқодирзода фаъолияти кориашро соли 2003 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба ҳайси омӯзгор оғоз карда, солҳои 2004-2005 роҳбари бахши тайёрии ин донишкада ва аз моҳи апрели соли 2005 то моҳи августи соли 2008 ноиби ректор оид ба таълим ва тарбия буд. Дар ин солҳо ӯ ҳамзамон риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2008 магистратура ва сипас аспирантураи ин донишгоҳро хатм кардааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз 24 июли соли 2008 то моҳи майи соли 2010 дар вазифаи мудири бахши кор бо ташкилотҳои динии Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи май то 1 августи соли 2010 дар Кумитаи дин ба ҳайси сардори Раёсати иттиҳодияҳои динӣ ифои вазифа кардааст. Аз моҳи октябри соли 2010 инҷониб дар вазифаи Раиси Маркази исломӣ ва Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Оиладор, соҳиби 7 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *