Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саидмурод Давлатов: Мехоҳам 15 фарзанд дошта бошам (Қисми дуюм)

-Шумо дар бораи интизоми молӣ (финансовая дисциплина) ҳарф задед. Он чист ва чӣ гуна бояд риоя шавад?

-Вақте шумо соҳибкорӣ ё бизнес пеша мекунед, аввал бояд ба худатон маош муайян кунед. Яъне, барои иҷрои фаъолият музди кор гиред, ба пули бизнес даст нарасонед. Пули бизнесро пули дар киссаатон буда ҳисоб накунед. Ба маоше, ки мегиред, нигоҳ карда, зиндагиатонро ба роҳ монед. Чунин муносибат мусоидат ба пешрафти бизнесатон мекунад. Агар ин корро намекунед ва аз пули бизнес гирифта, ба амалӣ сохтани орзуҳоятон (харидани мошин, бӯстонсаро…) сарф мекунед, оқибат муфлис мешавед. Бизнес ҳам орзу дорад: мехоҳад, ки офиси нав, технологияи нав, маркетинги ҳамқадами замон дошта бошад. Бизнес мехоҳад, ки истеҳсолотро зиёд ва бозорро васеъ гардонад. Аммо соҳибкор ё бизнесмен чӣ фикр мекунад? Ин пули ман, ҳар чӣ хоҳам мекунам.

-Фонди захиравӣ (резервний фонд) бояд чанд фоизи даромади умумии корхонаро ташкил диҳад?

-Ҳадди ақал хароҷоти шашмоҳаи корхонаро. Захира ҳамеша бояд бошад. Ҳатто дар хона.  

-Чӣ гуна?

— Бояд барои рӯзи мабодо 10 фоизи маошро захира намуд. Мисол, агар пули захира дошта бошед, он ҳатто фикррониатонро дигар мекунад. Мо як санҷиш гузаронидем. Дар як рӯз одам камаш 100 маротиба дар бораи пул фикр мекунад. Баъзан ин рақам ба 1000 мерасад. Ин гуна фикрронӣ, агар пул надошта бошед, шуморо ба камбағалӣ мебарад,  рӯҳан шикаставу хаста мешавед. Тамоми умр  азият мекашед, дар зиндагӣ муваффақ намегардед. Тасаввур кунед, одаме, ки каму беш захира дорад, дар фикри вай ҳам фақат пул аст. Ӯ фикр мекунад, ки  захира дорад, дилаш қувват мегирад. Майна ҳар замон мегӯяд, ки ту пул дорӣ, пул дорӣ. Магнит ду вазифа  дорад: ё тела медиҳад ё ҷонибаш мекашад. Инсон ҳам ҳамин аст. Вақте андешарониаш аз меъёри муқаррарӣ поён фаромад, магнит вайро ба поён тела медиҳад. Аз фикрҳои тозаву идеяҳо канда  мешавад. Агар захира дошта бошад, магнит ӯро ба боло, роҳи муваффақият мебарад. Мисоли дигар меорам: Соли 2008 ба қарз афтодам, дар фикрам фақат пул кор кардан буд. Ба ҷои пеш рафтан корам ақиб рафт, қарзҳоям ду баробар зиёд шуд. Донистам, ки бо ин майна 3 миллион доллар кор карда, қарзҳоямро баргардонида наметавонам. Аз болои худ кор карданро сар кардам. Худро тағйир додам. Характер, муносибат, тарзи ҳаёт, фаҳмиш…Натиҷа, орзуе, ки  доштам, ба он расидам. 

— Чанд тоифа бизнесмен ҳаст?

 -Аслан се тоифа. Тоифаи аввал ҳаракат мекунанд, ки ягон  роҳе ёбаду  пули муфт ба даст орад. Онҳо роҳи осонро мекобанд. Масалан, ягон бино ё мошини арзонро меёбанду қимат мефурӯшанд. Таксист бошад,  муштарии серпулро мехоҳад ба домаш афтонад. Ё як хона харанду ба иҷора диҳанд ва ба ин восита пул кор кунанд. Ин тоифа , бин Худо ба мо дод гуфта, худро таскин медиҳанд. Тоифаи дуюм, дар фикри моли арзону бештар ба даст овардани фоида мебошанд. Баъзан ба ман низ чунин пешниҳодҳо мешаванд. Ман дар ҷавоб мегӯям, ки миллион доллар кор кунам ҳам,  ба ин роҳ намеравам. Ин бизнес нест, лекин одамон ин корро мекунанд. Ин тоифа бизнеси мавсимӣ мекобанд. Масалан, пиёз ё картошка захира мекунанду дар мавсими камчинӣ бо нархи баланд мефурӯшанд. Як бор бурд мекунанд, як бор бой медиҳанд. Ин тафаккури камбағалӣ аст. Як кас давид, ҳама медаванд. Як кас харид, ҳама мехаранд. Як кас мошинфурӯш шавад, ҳама мошинфурӯш. Як кас хонасоз шавад, ҳама хонасоз. Яъне, идеяи худашон нест. Агар  як кас пиёз захира карда, фурӯшаду пули калон ба даст орад, соли дигар ҳама ин корро мекунанд. Аммо дар ин сол нархи пиёз коҳиш меёбаду дар натиҷа ҳама муфлис мешаванд.

Тоифаи сеюм бизнесменҳое, ки система ва стратегия месозанд, аз рӯи он бомаром фаъолият мекунанд, бо як роҳи муайян пеш мераванд. Ин тоифа бизнесменҳои муваффақ ҳастанд ва  дар замони  буҳронӣ ҳам пул кор мекунанд. Аз тамоми  монеаҳо бо сари баланд мегузаранд. Солҳои 90- уми асри ХХ буҳрон буд, магар ширкати “Snickers” муфлис шуд? Не!

 Бомпӯши  хона як рӯз не, як рӯз сари ҳамон одаме меафтад, ки таҳкурсии хонаро мустаҳкам насохтааст. Касе ба роҳи бизнес меравад, бояд фаҳмад, ки ин фиребгарӣ, дуруғгӯӣ нест. Бизнес  салоҳият, адолат, хизмат ва аз сидқи дил меҳнат карданро металабад.

— Метавонед, кӣ будани  бизнесменро бо як ибора ифада кунед?

— Бизнесмен хизматгори халқ аст. Аз маош сар карда, то пули иҷораву  барқу обу андозу гумрук — ҳамаро бизнесмен медиҳад. Тамоми сохторҳо аз ҳисоби бизнесмен кору фаъолият мекунанд. Бизнесмен пули бисёреро ҷамъ мекунад, лаҳзае дар даст нигоҳ медорад ва ба дигарон медиҳад. Ҳатто қарздор мешавад, дигар қоматашро рост кардан наметавонад ва як умр ҳаёташро дар таънаю маломати қарзхоҳон мегузаронад.  Чӣ кор кунад? Аз пешаи интихобкардааш даст кашад? Не, беҳтар он аст, ки ба бизнес машғул шавад.

Сафари муаллиф бо Саидмурод Давлатов ба куҳҳои Варзоб

— Зиндагӣ ва бизнес шиореро мехоҳанд, ки он ҳамчун ливо пешбаранда аст. Шумо шиор доред?

-Бале. Се чиз аст, ки роҳнамои ман мебошанд. Якум, тарзи зиндагие, ки дорам. Ду сол пеш 40-сола шудам, зиёд хўй (характер) — и манфӣ доштам. Ба худ суол додам, ки Саидмурод, ҳамин тарафҳои манфӣ дар 30-солагиат буданд? Бале, буданд. Барои чӣ то ҳол боқӣ мондаанд? Ман худро таскин медодам, ки бачаи хуб ҳастам. Аммо ба хулоса омадам, ки бо ин тарз зиндагӣ кардан мумкин нест. Бояд худро ислоҳ кард.   Инсон  чӣ гуна будан мехоҳад, ҳамон  тарз зиндагии минбаъдаи ӯ шакл мегирад. Дуюм, ягон вақт ба одамон чизеро пешниҳод накардан, он барои онҳо лозим нест, ҳатто барои худам манфиатовар бошад ҳам. Сеюм, зоҳир ва ботинам як аст.

-Арзиши худро дар  чӣ мебинед?

-Як будани гуфтору рафтор. Агар 1000 маротиба таҳқиқот гузаронед, даруну беруни ман як хел аст. Ҳеҷ чизро махфӣ намедорам.

-Сирри дастовардҳоятон дар чист?

-Дуруст идора кардани худ ва истифодаи вақт.

-Коре ҳаст, ки ба он даст назада бошед?

-Бале, бад гуфтану бад кардан.

-Орзуҳое, ки мехоҳед ба онҳо ҷомаи амал пӯшонед?

— Якум, мехоҳам, ки 50 китоб нависам. (15 китоб аллакай аз чоп баромад); дуюм, 2 филм офаридан; сеюм, 100 маркази  омӯзишӣ сохтан; чорум, 1 миллион дарахт шинонидан; панҷум,  аз 3 то 5 неругоҳи хурд дар Тоҷикистон бунёд кардан; шашум, фонди хайрия кушода, 100 шогирди миллионер тарбия намудан (ҳоло шумораи онҳо ба 30 расидааст); 100 толибилми соҳибистеъдоди тоҷикро дар мактабҳои бонуфузи дунё  хонондан;  шумораи ширкатҳоямро ба 100 адад расонидан. Боз мехоҳам, ки  15 фарзанд дошта бошам.

-Чаро ҳама орзуҳои шумо ба рақами 100 дакка мехӯранд?

-100% рақами комил аст.

Сангпушт домани кӯҳ расид. Чашмаш ба баҳмут (бегимот) мехӯрад, ки канори об хоб буд.

— Баҳмут, баҳмут! — Фарёд мекашад сангпушт

Баҳмут дили хоҳам — нахоҳам сар боло мекунад:

— Чӣ мехоҳӣ, сангпушт?

— Мехоҳам бо ту қувва озмоям, садо баланд мекунад сангпушт.

— Хандаи баҳмут меояд ва гӯё нашунида бошад, дубора мепурсад. Баҳмут бурут тоб дода, бо тамасхӯр мепурсад:

— Чӣ гуфтӣ?

— Мехоҳам бо ту қувва озмоям, — мегӯяд сангпушт

Баҳмут назарногирона ба сангпушт ишора мекунад, ки ба роҳаш равад.

— Тарсидӣ? – бо тамкини ба худ хос мепурсад сангпушт

— Аз ту?

— Бале аз ман!

Лаҳни гуфтори сангпушт ба Баҳмут писанд наомад ва пурсид:

— Аз ман чӣ мехоҳӣ?

— Бо ту мехоҳам қувва озмоям.

Сангпушт баробари суханашро тамом кардан, нӯги таноберо ба ӯ дароз мекунад ва мегӯяд:

— Ман  он тарафи баландӣ (кӯҳ) мегузарам ту аз ин тараф. Ҳамин ки ҳуштак задам, ту ба кашидани таноб сар мекунӣ. Мебинем кӣ ғолиб мебарояд.

Баҳмут розӣ мешавад. Сангпушт нӯги дигари танобро гирифта, паси баландӣ мегузарад ва ба он ҷое, ки бо фил мулоқот таъин карда буд, меояд. Фил интизори сухани сангпушт буд. Сангпушт чизе намегӯяд, нӯги танобро ба хартуми фил мегузорад ва ба баландӣ ишора мекунад:

— Ман он тарафи баландӣ мешавам. Ҳамин ки ҳуштак , ба кашидани таноб сар кун. Мебинем кӣ зӯр.

Сангпушт ба баланди мебарояд ва пушти буттае пинҳон мешаваду ҳушток мекашад. Филу баҳмут ҷон канда, фарёд кашида, ним рӯз таноб мекашанд. Оқибат филу баҳмут ба хулоса меоянд, ки сангпуштро эҳтиром кардан лозим аст.

Мусоҳиб

Шариф ҲАМДАМПУР

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.