Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саидмурод Фаттоҳзода: Барои ҳизбҳо дар интихобот монеа нест!

Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо Юлия Анисимова, мудири шуъбаи мониторинги интихоботии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ва ташхисгари ин созмон Станислав Ткаченко вохӯрд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони кишвар иттилоъ дод, ки дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои интихоботӣ, имкониятҳои ҳизбҳои сиёсӣ, нақшаву барномаҳои номзадҳо, мавқеи ҳизбҳо доир ба вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Саидмурод Фаттоҳзода таъкид намудааст, ки «имконоти воситаҳои ахбори омма ба таври шаффофу баробар дар ихтиёри номзадҳо қарор дошта, ҳеҷ монеае барои ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди таблиғоти интихоботӣ вуҷуд надорад».

Ҳамзамон, Юлия Анисимова ва Станислав Ткаченко бо номзадҳои интихоботи президентӣ Рустам Қудратов ва Рустам Латифзода мулоқот намуданд.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мегардад. Дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj