Сайёрае ба номи Пӯлод Бобоҷонов. Аз кӯдакии пуразоб то шӯҳрати ҷаҳонӣ

Академик Пӯлод Бобоҷонов, яке аз олимони ҷаҳонии тоҷик, астрофизики маъруф 90 — сола шуданд…

Аз ҳуҷраи танг ба дунёи бекарон

Академик Пӯлод Бобоҷоновро дар маҳалли корашон — Институти астрофизика, дар кӯчаи Бухорои пойтахт, дар бинои якошёнаи фарсуда, ки солҳои 30-юми асри ХХ сохта шудааст, пайдо кардам. Эшон бо директори институт, астрофизики номвар, Гулчеҳра Қоҳирова мақолаи нави хешро, ки дар маҷаллаи бонуфузи “Monthly Notices of the Royal Astronomical Society” нашр шудааст, муҳокима мекарданд.

-Ба номи ҳар яки шумо дар кайҳон сайёра ҳаст, вале дар ин вайрона кору фаъолият мекунед, — саломро насия гузошта, ба суҳбати устоду шогирд халал ворид карда, дохили утоқ шудам. Ин ҳарфи меҳмони нохонда ба мизбон – Гулчеҳра Қоҳирова нафорид, ки ҳамон замон ҷавоб доданд:

-Мо ин бинои куҳанро бо ягон хел баландошёна иваз кардан намехоҳем. Ин бинои таърихӣ аст ва дар ин даргоҳ бузургтарин олимон кору фаъолият кардаанд. Ёди неки онҳо то имрӯз ба мо мадад мекунад. Дигар ин ки шукӯҳу шаҳомат хоси фаъолияти илмӣ  нест…

Баъд аз он ки худамро шинос карда мақсади омаданам – дидори академик Пӯлод Бобоҷоновро арз кардам, Гулчеҳра Қоҳирова гуфтанд:

-Дар вақташ ба Пӯлод Бобоҷонович чунин шарт мегузоранд: ё расадхона месозем ё барои институт бинои нав интихоб кунед. Устоди мо расадхонаро интихоб мекунанд…

-Барои олимони соҳаи мо, — ба суҳбат ҳамроҳ шуданд Пӯлод Бобоҷонов, — бе расадхона кор кардан имкон надорад. Бинобар ин, бино муҳим нест, муҳим кор аст. Мо шукр, ки имрӯз шароити заруриро дорем, барои кор мизу курсӣ, компютер ва телескоп ҳаст…

Хоксории ин ду олими ҷаҳонӣ, ки ду сайёра ба номашон гузошта шудааст, маро дар ҳайрат овард.

Шояд бузургвории эшон аз хоксориашон аст?

Дигар ин ки астрофизикҳо бо телескоп зебоиҳои кайҳонро мушоҳида мекунанад, дунёи беохирро мебинанд, бинобар ин ҳуҷраи танги корӣ ва фарши фарсуда барояшон аҳамияте шояд надорад…

Пӯлод Бобоҷонов бо академик М. Осимӣ

АЗ ВАРАҚАИ ШАХСӢ:  Пӯлод Бобоҷонов 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Астрофизики тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика (1970), профессор (1973), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1973), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Хатмкардаи Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберги Институти давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1950-53). Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ (1954) ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ (1958) кор кардааст. Солҳои 1959-1971 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ, 1971—1984 ректори УДТ ба номи В. И. Ленин, 1984—1993 ноиби президенти АИ ҶТ, 1992—2002 директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (дар айни замон директори фахрии он) аст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», медали «Ситораи ИДМ» (2010) ва чандин медалҳо, аз ҷумла, медали ба номи С. И. Вавилов (1977), Ҷоизаи ба номи Ф. А. Бредихин (1989), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С. У. Умаров (2001) сарфароз гардидааст. Ба шарафи Пӯлод Бобоҷонов сайёраи хурд — «Babadzhanov» (7164) номгузорӣ шудааст.

Кашфи кайҳон

— Пӯлод Бобоҷонович, ёд доред, ки кайҳон бори нахуст кай диққати шуморо ҷалб кард?

— Гумон мекунам, ки ҳама аз кӯдакӣ ба осмон таваҷҷуҳи махсус дорад. Вақте ман ҳам хурд будам, тобистонҳо мо аз ҳавлӣ ба боғ мекӯчидем ва шабона дар берун мехобидем. Дар ғояти шаб дурахши ситораҳо барои ман аҷиб буд. Махсусан, ситораҳои парронро дӯст медоштам. Дигар ин ки мардуми мо аз қадимулайём ба кайҳон таваҷҷуҳ дорад. Барои мисол, дар кӯдакии мо бе соат вақти намоз, рӯзакушоӣ, киштукор ва ғайраро муайян мекарданд… Шояд ҳамин омилҳо буд, ки банда астрофизик шудам. 

-Шояд волидайн ҳам барои интихобатон таъсир гузоштанд?

-…Падарамро ёд надорам, дар чаҳорсолагиам аз олам гузаштаанд. Ба қавли модарам эшон хату саводи хуб дошта, то инқилоб мирзо, замони шӯравӣ  муддате  муаллим ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ӯротеппа, ҳоло Истаравшан будаанд. Баъди фавти падар саробонии оила ба дӯши бародарам, ки аз ман калонтар буд, афтод. Бо вуҷуди он ӯ дар мактаб  аъло мехонд.  Солҳои вазнин буд замони тифлии мо. Модарам аз пораҳои либосҳои фарсудаву корношоям тоқӣ дӯхта, бо нархи арзон ба мизоҷон мефурӯхт. Инчунин, субҳи барвақт ба мағоза рафта,  дергоҳ навбат мепоид, то пораи ноне ба хона орад. Он солҳо  ба оилаи мо дар як рӯз 300 грамм нон медоданд. Дар мамлакат гуруснагӣ буд. Одамон  соатҳо дар мағоза навбат мепоиданд.  Бо талқини бародарам ман ҳам ба мактаб рафтам ва дар синф  аълохон шудам. Аммо дере нагузашта, ҷанг сар шуд. Азбаски мардҳо ҳама ба ҷанг рафтанд, дар мактабҳо муаллим намерасид. Ба хотири рафъи ин мушкил  давлат наврасони аълохонро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи педагогӣ бо додани рӯзе 500 грамм нон ба хонаводаашон ҳавасманд намуд. Аз ин рӯ, ман ҳам ба  Омӯзишгоҳи педагогӣ гузаштам ва вазъи зиндагиамон андаке беҳтар шуд. Дертар хидматҳои падарро ба назар гирифта, давлат ба ману бародарам нафақа таъин кард. Вале дар 17-солагиам модарам низ бар асари беморӣ аз дунё гузашт. Омӯзишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда,  таҳсилро чаҳор соли дигар  дар факултаи физика ва математикаи  Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд идома додам. Дар донишкада як сол барандаи стипендияи  Киров ва се соли дигар  стипендияи Сталин будам.  Он солҳо ҷавонон ба илм  рағбати зиёд доштанд. Ман ҳам баъди хатми мактаби олӣ як  сол кор кардаму ба аспирантураи филиали Академияи илмҳои ИҶШС дохил шудам. Маро  барои таҳсил ба аспирантураи  Донишгоҳи давлатии Маскав тавсия карданд. Рисолаи номзадиамро  соли сеюми аспирантӣ  дар Маскав  дифоъ  кардам.

Аз «Ҳисор» то «Санглох»

-Дар оғози суҳбат ишора шуд, ки вақте ба шумо пешниҳод намуданд, ки бинои нав мехоҳед ё расадхона, шумо расадхонаро интихоб кардед. Имрӯз дар Тоҷикистон чанд расадхона мавҷуд аст ва онҳо чӣ иқтидоре доранд?

-Бале, зеро мо ба расадхона бештар ниёз доштем. Нахустин расадхонаи астрономӣ дар Тоҷикистон  бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии ҷумҳурӣ соли 1932 таъсис ёфта буд ва он ба омӯзиши метеорҳо, кометаҳо ва астероидҳо машғул шуд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, бавижа шаҳри Душанбе, ки дар он расадхонаи мо воқеъ аст, барои омӯхтани ин гуна ҷирмҳои осмонӣ хеле мувофиқ  аст. Азбаски аксари расадхонаҳои собиқ  ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар минтақаҳои шимолӣ воқеанд, шароити хуби мушоҳидаҳои астрономиро надоранд. Бинобар ин, омӯзиши ин се равиш  дар кишвари мо мусоид аст.

Дар заминаи ҳамин расадхона соли 1958 бо ибтикори президенти вақти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, шодравон академик  Султон Умаров Пажӯҳишгоҳи астрофизика таъсис ёфт, ки аз се шуъба иборат буд.  Соли 1959 маро роҳбари пажӯҳишгоҳ таъин карданд. То он замон ҳамаи иншооти астрономӣ дар ҳудуди ҳамин пажӯҳишгоҳ ҷойгир буданд, чаро ки солҳои 30-юми асри гузашта маҳалле, ки дар он  нахустин расадхонаи астрономӣ  қомат афрохт, канори  шаҳр маҳсуб меёфт.  Аммо  солҳои 50- уми асри ХХ  пойтахт   хеле васеъ гашта, рӯшании чароғҳо  ба сифати мушоҳидаҳои астрономӣ  таъсири манфӣ мерасонид. Ғайр аз ин иқтидори телескопҳое, ки доштем, хурд буд. Бинобар ин, соли 1958 тасмим гирифтем, ки аз  Олмон ва  Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) чанд телескопи  пуриқтидор оварем. Соли 1959,  замоне ки роҳбари пажӯҳишгоҳ будам, қарор додем барои бунёди расадхонаи нав мавзеи хубу мувофиқе интихоб намоем. Он солҳо мушоҳидаҳоро на фақат шабона, балки рӯзона ҳам  ба воситаи радиолокаторҳо анҷом  медодем. Ниҳоят баъди ҷустуҷӯи зиёд мавзееро, ки ҳоло  расадхонаи Ҳисор воқест, баргузидем. Бо бунёди расадхонаи нав фаъолияти мо ҷоннок шуд, кашфиёти нав ба вуҷуд омад. Баъди ин мо дар нодиртарин мавзеи мушоҳидаҳои астрономӣ дар дунё – Санглох дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияи Данғара расадхонаи нав бунёд кардем, ки бо калонтарин телескопи Осиёи Миёна, телескопи қутраш якметра муҷаҳҳаз аст. Ҳоло дар Бадахшон расадхонаи дигар дорем. Яъне, барои тадқиқот шароити мусоид дорем.

ДАСТОВАРД: Кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо – ҳама ҷирмҳои хурди низоми хуршедианд. Пӯлод Бобоҷонов нахуст ба омӯзиши алоқаи байни онҳо машғул шуда, собит кард, ки таркиби ин ҷирмҳои осмонӣ аз моддаҳое иборат аст, ки ҳанӯз 4,5 миллиард сол пеш тамоми сайёраҳои низоми Офтоб аз онҳо ба вуҷуд омада буд. Пажӯҳиш имкон дод, ки раванди  пайдоиши Замин ва сайёраҳои дигари галактикӣ аниқ асрори зиёди нокушодаи кайҳон маълум шавад. Баъдан, номбурда дар соҳаи астрофизика ба мушоҳида ва таъини  мадор, табиати физикӣ ва таҳқиқи тақсими моддаи метеорӣ дар фазои байнисайёравӣ машғул шуд. Дар ин муддат мадори беш аз 400 метеорро муайян намуда, зиёда аз 20 сели метеориро кашф кард. Аз рӯи барномаи Соли байналмилалии геофизикӣ, Соли ҳамкории байналмилалӣ, Соли байналмилалии Офтоби ором параметрҳои физикии минтақаҳои метеориро дар қабатҳои болои атмосфераи Замин бо ёрии мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионӣ таҳқиқ намуда, бо ҳамкасбонаш дар соҳаи омӯзиши дурахшонтарин метеорҳо дар ҷаҳон беш аз ҳама мавод ҷамъ овард. Имрӯз дар асоси онҳо дар ҷаҳон феҳрастҳои махсуси астрономӣ  таҳия шудаанд ва ин иттилоот дар Бонки ҷаҳонӣ ворид гаштааст.

Мушоҳида аз Сомалӣ

— Ҷое хондам, ки шумо на танҳо дар Тоҷикистон ва ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар Сомалии Африқо ҳам истгоҳи мушоҳидаҳои аксбардории радифҳои маснӯи Заминро ташкил намудед. Ин саодат чӣ гуна насибатон шуд?

— Бо супориши Шӯрои астрономии АИ ИҶШС соли 1967 дар Сомалӣ истгоҳи мушоҳидаи аксбардории радифҳои маснӯи Заминро  ташкил додем. Он солҳо зарурати  бунёди таҷҳизоти махсусе ба миён омада буд, ки дар баробари омӯзиши метеорҳо ҳаракати ҳамсафарҳои сунъии Замин низ  дақиқ мушоҳида шавад. Сомалӣ, ки дар хати истиво (экватор)  воқест, барои сохтани чунин истгоҳ ҷои мувофиқ буд. Баъди ташкили зеристгоҳ барои иҷрои ин кор экспедитсияи шӯравии метеории Академияи илмҳои ИҶШС ташкил гашт ва  ман яке аз роҳбарони он таъин шудам. Мушоҳидаҳои метеорӣ  аз Сомалӣ,  Душанбе ва  Харков ду сол идома ёфт. Муассисаи дигаре, ки дар  ин экспедитсия ширкат дошт, Институти политехникии Харков буд. Мо  мушоҳидаи ҳаракати метеорҳоеро, ки дар  хати истиво мепаранд, якҷо бо ҳаракати ҳамсафарҳои сунъии Замин  аз се минтақаи ҷаҳон, ҳам  нимкураи шимолӣ ва ҳам ҷанубӣ идома дода, бори нахуст  ҷойивазкунии пайҳои метеориро дар истиво андоза кардем. Ин фаъолияти илмии мо аввалин таҷриба дар дунё буд ва дастовардҳоямон ҳанӯз бемисл аст. Албатта, дар ин таҷриба, тавре ки мутаваҷҷеҳ шудед, истгоҳи Сомалӣ нақши муҳим дошт.

НУФУЗ: Пӯлод Бобоҷонов дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Ба узвияти чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои астрономии Академияи илмҳои ИҶШС, Ассотсиатсияи байналмилалии геомагнитизм ва аэрономия, Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ пазируфта шуд. Соли 1985 номбурда, дар Анҷумани Маҷмаи кулли Иттиҳодияи байналмилалии астрономҳо,  президенти Комиссия оид ба омӯзиши метеорҳо интихоб шуд ва дар ин вазифа се сол фаъолият кард. Ҳоло узви комиссияи мазкур ва  ҳайати раёсати он мебошад. Ӯ дар ҳамоишу конференсияҳо дар ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолланд, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғ.) ширкат ва суханронӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.

Умре, ки сарфи илм шуд…

-Шумо солҳои дароз дар вазифаҳои масъулиятнок кор кардед. Яке аз вазифаҳои баланди шумо ректори Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Онҳое, ки дар ин даргоҳ бо шумо кор карданд, мегӯянд ки Пӯлод Бобоҷонов хеле инсони хоксор буданд. Ҳатто рафтану омаданатонро ба кор касе намедидааст…

-Такаббур хоси олими асил нест. Олим ҳамеша хоксор мешавад. Пеш аз оғози вазифаи ректорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи талаботи он замон мебоист дар Маскав аз суҳбати вазири мактабҳои олии ИҶШС мегузаштам. Ҳини суҳбат  ӯ аз ман пурсид, ки  дар пешрафти донишгоҳ чӣ саҳме хоҳам гузошт?  Гуфтам, ки омӯзгоронро ба фаъолияти илмӣ ҷалб мекунам. Ҷалби омӯзгорон ба фаъолияти илмӣ ҳам ба пешрафти донишгоҳ ва ҳам ба  омодасозии  кадрҳои баландихтисос мусоидат мекунад. Ба омӯзгорон барои  корҳои илмӣ   шароит муҳайё намудем ва имкони анҷоми корҳои лабораторӣ ва  сафарҳои хидматиро фароҳам овардем. Дере нагузашта кӯшишҳоямон натиҷа дод, теъдоди  докторон афзуд. Имрӯз ҳам онҳое, ки дар қайди ҳаётанд аз ман изҳори сипос мекунанд, ки бо талаби қатъии ман номзад ё доктори илм шуданд…

Одил Нозир ҳангоми суҳбат бо Пӯлод Бобоҷонов

— Фаъолияти сарварӣ ва пажӯҳиши илмиро ба ҳам омехтан на ҳамеша самар медиҳад. Шумо кору илмро чӣ гуна ба ҳам созиш додед?

-Ман солҳои фаъолияти роҳбариям низ ҳеҷ гоҳ аз илм канда нашудаам ва натиҷаи ҳар кореву иқдомеро, ки зимни роҳбарӣ анҷом медодам, аз лиҳози илмӣ  дар мағзи худ баррасӣ мекардам, ки чӣ паёмаде меорад. Аз рӯзе, ки дар пажӯҳишгоҳ шуъбаи метеорҳо ташкил шуд, роҳбарии  онро бидуни танаффус то ҳанӯз бар дӯш дорам. Яъне, дар замонҳои фаъолияти сарвариам дар пажӯҳишгоҳу  донишгоҳ низ аз кори асосиам, ки иртибот ба олами кайҳон аст, канда набудам.

САЙЁРАИ БОБОҶОНОВ: «Бобоҷонов» — сайёраи хурди № 7164, ки ба шарафи астрофизики машҳури тоҷик Пӯлод Бобоҷонов номгузорӣ шудааст.  «Бобоҷонов»-ро 6 марти 1984 астрономи амрикоӣ Эдвард (Тед) Боуэлл дар бунгоҳи мушоҳидавии Андерсон Мессаи расадхонаи Лоуэлл (Аризона, ИМА) кашф кардааст. Э. Боуэл асосгузори ин расадхона буда, таҳқиқоти илмиаш ба ҷирмҳои ба Замин наздикшаванда бахшида шудаанд. Ӯ кашшофи 572 ҷирми кайҳонӣ мебошад. Тавсифи мушаххасоти мадории «Бобоҷонов»: афелий — 417470346 км (2,791 с. р.), перигелий — 301650717 км (2,016 с. р.), даври мадор — 1361,032 шабонарӯз (3,73 сол), тамоюл — 4, 195°, қадри мутлақ — 13,5.

Аз қуллаи 90

-Пӯлод Бобоҷонович, мавлуди 90-солагиро чӣ гуна пешвоз гирифтед?

-Нағз. Ба ҳар ҳол бад не. Ман феълан каме нотобам. Одам, ки калонсол шуд, бемориҳо ба навбат дарвозаашро мекӯфтаанд. Бо вуҷуди ин, дилам аз зиндагӣ ва кор сард нашудааст. Ҳоло ҳам ҳафтае ду маротиба ба институт омада, натиҷаи мушоҳидаҳои кормандонамро мебинам, ба онҳо маслиҳату машварат медиҳам…

Бекор нестем… Натиҷаи пажӯҳишҳои мо дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба нашр мерасанд.

-Устоди азиз, ташаккур, ки барои чунин як суҳбат ба мо вақт ҷудо кардед.

-Ташаккур ба шумо, ки суроғи мо кардед…

ОИЛА: Оилаи Бобоҷоновҳо дар муҳити илмии кишвар маъруфанд. Ҳамсари  Пӯлод Бобоҷонович Муҳаббат ва духтарашон Малика докторони илми биология ҳастанд. Писарашон Ҷамшед номзади илмҳои иқтисодӣ ва келинашон низ номзади илм аст.

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *