Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расид

Санади ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расид

Дар Душанбе чанд санади ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон ба имзо расид

Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Покистон Имрон Хон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишвар ҳузур доштанд.

Зимни форум қайд карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон зарфи солҳои охир беш аз пеш тақвият меёбад.

Баргузории Форуми соҳибкорӣ бо иштироки доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат дар шаҳри Душанбе ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон мулоқоти байни субъектҳои бахши хусусию давлатии ҳарду кишвар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки соли равон гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Покистон ба 25,8 миллион доллари амрикоӣ расид, ки 54,1 фоизи гардиши тарафайни мол дар соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.