Саодат Азимзода вазъи саломатии 87 нафари гирифтори пневмонияро шарҳ дод

Дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 87 нафар бо иллати бемории илтиҳоби шуш, ё пневмония бистарӣ мебошанд.  Саодат Азимзода, директори Муассисаи давлатии  Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи вазъи саломатии онҳо бо Pressa.tj cуҳбати кӯтоҳи телефонӣ анҷом дод:

-Дар Паҳӯҳишгоҳи  гастроэнтрология 87 нафар бо ташхиси бемории шуш, яъне пневмония бистарӣ шудаанд. Як қисми онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ ва қисми дигар дар шуъбаҳои муқаррарӣ хобанд. Ҳамаашон  дар зери назорати табибон қарор доранд. Имрӯз  ҳолати ин беморон  хуб аст. Ягон нафарашон вазнин нестанд.

-Дар миёни 87 нафар занҳо ҳам ҳастанд? Зимнан, тақрибан синну солашон чанд аст?

-Албатта, 42 нафар зан ва 45 нафар мард мебошанд. Синну солашон гуногун ва қариб аз 50-сола болост. Аз ҳама хурд 10-12 сол дорад, зери назорати ҷиддии табиб аст.

-Мегӯянд, ки дар пажӯҳишгоҳи шумо  ҳам талафот аз ҳисоби бемории пневмония ба қайд гирифта шудааст. Воқеият чист?

-Ин асос надорад. Хушбахтона, дар беморхонаи мо талафот нест. Дирӯз  як бемор, ки  дар шуъбаи эҳёгарӣ буд, каме ҳолаташ вазнин буд, ҳоло беҳтар шудааст. Умуман, онҳое, ки  бемориҳои диабети қанд, фишорбаландӣ  доранд, бештар осебпазиранд.  

-Бархе фикр мекунанд, ки ин нафарон бемории коронавирусанд. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

-Нодуруст. Мо ташхиси аниқ кардем, ки онҳо коронавирус нестанд. Мардум набояд ба таҳлука афтанд. Таҳлука худ як наъи беморист, ки  пайомадҳои нохуб дорад. Дар Тоҷикистон то ҳол бемории короновирус ба қайд гирифта нашудааст.  

-Ҳоло беморон баъди табобат  чӣ назар доранд?

-Бовар кунед, онҳо баъди ин ҷо гирифтани табобат, тамоман назари дигар доранд. Онҳо дар ҳайрат мондаанд, ки мо чунин марказҳои муосири табобатӣ дорем. Аз ҳукумат минннатдоранд. Набояд духтуронро бад кард, талоши онҳо барои ҳифзи саломатии мардум аст.

-Дар миёни беморон аз мақомоти давлатӣ ҳам ҳастанд?

-Бале, аз прокуратура, милитсия, коррупсия, маориф… Онҳо тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар мегиранд.

-Онҳое, ки дар карантинанд, ройгон табобат мегиранд?

-Бале, аз ташхис сар карда то ҷойи хоб ройгон аст. То ҳол ягон бемор маблағ насупоридааст. Ҳаракат дорем, ки тамоми дорувориро таъмин намоем.

-Инҳо чӣ гуна ба ин беморӣ гирифтор шудаанд?

-Асосан дар шароити хона бемор шудаанд. Бемории пневмания низ ҳар хел мешавад. Пеш аз ҳама, аз шамолхӯрӣ сар мешавад. Агар шахс  табобат накунад, ба пневмания табдил меёбад.

-Оё пневмония бемории гузаранда аст?

-Бемории сироятӣ аст. Бояд эҳтиёт кард. Бемор бояд дар хонаи алоҳида нигоҳдорӣ шавад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *