Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саодат бо ҷодугарӣ моро хонавайрон мекунад

Мо дар деҳа зиндагӣ мекунем ва дар оила ҳамагӣ ду писар ҳастем. Бародарам мисли дигар ҳамдеҳагонамон ба Русия мардикорӣ меравад, ман бошам, пас аз хатми Донишгоҳ дар корхонаи бонуфузе ба кор даромадам. Роҳбарамон инсони хуб аст, маошамонро сари вақт  медиҳад, ба сарамон ягон мушкилӣ биёяд, дасти ёрӣ дароз мекунад. Волидонам “мо пир ва офтоби сари куҳ шудаем, мехоҳем дар тани ту ҷомаи домодию дар барат арӯси нозанинро дида, ормон шиканем” гӯён дар тараддуди хонадор кардани ман афтиданд. Модарам аз  поён то болои деҳаро гашта, чандин арӯси чилкокул ёфт, вале ба ҳамаашон ягон айб ёфта, рад намудам, чунки ман аллакай духтари дӯстдошта доштам ва мехостам бо ӯ хонадор шавам. Ниҳоят кафшҳои модарам аз арӯскобӣ сӯрох шуданд ва “бачам, беҳуда маро сарсону саргардон накун, ягон нағздида дошта бошӣ, бигӯ, ба хонаашон хостгорӣ равем” гуфт ва мани маътали ишорат дар бораи дӯстдухтарам лаб кушодам ва сураташро нишон додам. Модарам исён бардошт, ки ман духтари сарлучу юбкапушро келин намекунам, вале ман ҳам паст наомада гуфтам, ки ба ғайр аз Дилноза дигар ягон касро ба занӣ намегирам. Қариб як моҳ мубориза бурда, ниҳоят волидонамро розӣ кардам, то ба хонаи дӯстдоштаам хостгорӣ раванд. Падару модари Дилноза хостгоронро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта, розигӣ доданд. Ҳамин тавр мо бо ҳамдигар фотиҳа шудем ва чанде пас тӯйи калон ороста, арӯси орзуҳоямро ба хона овардам. Зиндагии деҳа ба Дилноза писанд наомада бошад ҳам, хотири ишқу муҳаббатамон ба ҳамааш тоқат мекард ва мисли духтарҳои деҳотӣ аз субҳ то шом ҷумбуҷӯл карда, тамоми кору бори хонаро саришта мекард. Худованд карам намуда, ба мо якбора ду неъмати бебаҳо-ду духтарчаи дугоник дод. Гумон кардам, ки баъди фарзанддор шудан ҳаётамон боз ҳам ширинтар мешавад, аммо аз чӣ бошад, ки рафтори завҷаам пас аз модар шудан якбора тағйир ёфт. Акнун вай он Дилнозаи меҳрубон набуд, ба гапам гап мегардонд ва маро ба худ наздик шудан намемонд. Дилхунукии занам оҳиста-оҳиста ба ман ҳам таъсир намуда, оташи ишқ дар синаам хомӯш гашт. Ба як дӯстам дарди дил кардам, гуфт, ки туро бо занат хунукӣ кардаанд. Каме фикр карда ба ёдам духтаре расид, ки пеш аз тӯйи хонадоршавиам “ҳоло ист, агар туро  аз занат ҷудо накунам, номам Саодат набошад!” гуфта, савганд хӯрда буд. Сабаби қаҳру ғазаби Саодат дар он буд, ки ман хоҳараш Инобатро ба занӣ нагирифтам. Боварӣ дорам, ки дилсардии ману занам кори дасти ҳамин духтар аст, чунки пештар мо мисли ширу қаймоқ бо ҳамдигар қарин будем.

Хоҳарони азиз, бародарони гиромӣ, аз ҷодуву ҷодугарон эҳтиёт бошед, зеро душман ба ҳама кор қодир аст ва метавонад касро хонавайрону сарсону саргардон созад!

Рамазон, аз деҳаи Гулбоғ

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.