“Сапеда-2019” кӯдакони ҳунармандро ба ҳам овард

 Фестивали кӯдакон ва наврасони ҳунарманд-“Сапеда-2019” ҷамъбаст гашт. Иштирокчиён беҳтарин бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

 Нимаи дуюми рӯзи 22-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии ғолибони Фестивали кӯдакон ва наврасони ҳунарманд-“Сапеда-2019” баргузор гардид. Нахуст тамошобинон аз маҳсули  қалами ҳунаромӯзони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

 Дар барномаи консертӣ ҳунаромӯзон аз мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва дигар омӯзишгоҳҳои санъат иштирок намуда, бо навохтани асбобҳои мусиқии доира, думбра, рубоб, дутор, кларнет, пианино, скрипка, саксафон табъи ҳамагонро болида намуданд. Аз ҷониби ансамбли рақсии “Зебо” ва “Ситораи умед” рақси мавзун пешниҳод гардид.

 Дар фарҷом вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода  ҳозиринро ба муносибати соли нави мелодии 2020 табрик намуда, ба ғолибон диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

 Ёдрас мешавем, ки фестивали мазкур бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба пешвози              30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гашт.

Амони Муҳаммад, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *