Саратони бачадон ва вируси папиллома

Папиллома-вируси хатарнок

Ҳолатҳои пешаз саратонӣ ва саратони гарданаи бачадонро асосан вируси папиллома ба вуҷуд меорад.
Вируси папиллома ба гурӯҳи вирусҳои дар ҷаҳон паҳншуда дохил шуда, зиёда аз 100 намуд дорад. Папиллома вируси хатарнок буда, бемориҳои гуногунро ба вуҷуд оварда метавонад, аз ҷумла 13 намуди ин вирус манбаи пайдоиши касалии саратон ба шумор мераванд. Вируси папиллома асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ аз одами бемор ба шахси солим мегузарад, аз ҳамин сабаб, бештар ҷавонон аз ин вирус сироят меёбанд. Дар байни қурбониёни вируси папилломаи одам намояндагони ҷинси латиф кам нестанд. Намудҳои 16 ва 18-и вируси папиллома метавонад занро ба бемории саратони гарданаи бачадон гирифтор созад.

Сабабҳои сироятёбӣ

Манбаҳои асосии сироятёбӣ аз вируси папилломаро мавриди таҳқиқ қарор дода, олимон ба хулосае омаданд, ки сабабҳои зерин боиси сироятёбии одамон аз ин вирус мегарданд:

  1. Хеле барвақт оғоз намудани муносибатҳои шаҳвонӣ.
  2. Ишқварзии бетартибона ва шумораи зиёди шарикони шаҳвонӣ.
  3. Истифода бурдани маводҳои нашъаовар.
  4. Паст шудани иммунитет (одамони ба ВИЧ инфексия гирифтор ба осонӣ аз намудҳои гуногуни вируси папиллома сироят меёбанд) Нишонаҳои беморӣ
    Баъзе намудҳои вируси папиллома дар бадали ду сол худ аз худ нест мешаванд, вале навъҳои 16, 18 ва 35-и он дар ҷисми инсон амиқ ҷойгир шуда, дар сурати сари вақт табобат накардан ғадудҳои саратонӣ, аз ҷумла, саратони гарданаи бачадонро ба вуҷуд оварда метавонанд. Вируси папиллома дар оғози сироятёбӣ аз худ дарак намедиҳад. Нишонаҳои беморӣ вақте зуҳур менамоянд, ки саратон авҷ гирифта, реша медавонад. Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани саратони гарданаи бачадон дарак медиҳанд:
  5. Хунрав шудан дар фосилаи байни ҳайз.
  6. Хунравӣ ҳангоми алоқаи ҷинсӣ.
  7. Дарди сутунмуҳра, миён ва пойҳо.
  8. Хастагӣ, якбора хароб шудан ва гум шудани иштиҳо.
  9. Эҳсосоти нохуш дар маҳбал ва ташарруҳот (виделения)-и бадбӯй.
  10. Варам кардани як пой.
    Масуният баланд бошад…
    Бояд ёдовар шуд, ки вируси папиллома касро якбора гирифтори саратон намесозад. Тавре гуфтем, аксари намудҳои ин вирус худ аз худ нест мешаванд, вале фориғболӣ намудан нашояд, зеро боқӣ мондани миқдори хеле ками вируси папиллома (хоса, навъҳои 16 ва 18-и он) низ метавонад ҳолати пеш аз саратониро ба вуҷуд оварда, дар сурати табобат накардан касро ба саратон мубтало созад. Одатан саратони гарданаи бачадон ба оҳистагӣ реша медавонад. Папиллома бонувони иммунитети пурқувватдоштаро дар бадали 15-20 сол оҳиста-оҳиста ба саратони гарданаи бачадон гирифтор месозад, вале барои аз пой афтонидани зани қувваи муҳофизатии организмаш суст (хоса гирифторони ВИЧ-инфексия) ҳамагӣ 5-10 сол кифоя аст.
    Скрининг кунед
    Яке аз усулҳои самарабахши мубориза бо саратони гарданаи бачадон скрининг мебошад. Скрининг як намуди тест аст, ки барои муайян намудани ҳолатҳои пешазсаратонӣ ва саратон дар занон гузаронида мешавад. Дар ҳолати худро комилан солим эҳсос намудан зан низ, хоса бонувони 35- сола боло бояд соле ақаллан як маротиба скрининг кунанд, зеро саратони гарданаи бачадон дар оғоз аз худ дарак намедиҳад. Скрининг имкон медиҳад, ки бемориро сари вақт муайян намуда, пеши роҳи инкишофёбии онро бигиред, бинобар ин, мо ба тамоми бонувон маслиҳат медиҳем, ки ин тестро ҳатман гузаранд.
    Воҳима накунед Скрининг ҳолати пешазсаратонӣ масалан, захми гарданаи бачадон, полипи гарданаи бачадон, полипи дохили бачадон, дисплазияи гарданаи бачадон доштани шуморо муайян намояд, дарҳол ба даҳшат наафтед. Ин бемориҳоро сари вақт табобат намуда, пеши роҳи саратони гарданаи бачадонро гирифтан мумкин аст. Агар ба саратони гарданаи бачадон гирифтор шуда бошед ҳам, худро рӯҳан ба мурдан тайёр накунед. Ба ҷои беҳуда ғам хӯрдан ба мутахассис муроҷиат намуда, бо маслиҳати духтур доруву дармони заруриро бигиред. Табобати саривақтӣ авҷ гирифтани бемориро пешгирӣ карда, шуморо аз ин дард наҷот мебахшад. Бори дигар такрор мекунем, ки дар оғози пайдоишаш саратони гарданаи бачадонро табобат кардан имконпазир аст.

Таҳияи Нодира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *