Сарбози фақир. Чаро танҳо камбағалон ба хизмат мераванд?

Рӯзҳои наздик мавсими даъвати тирамоҳии наваксаракон ба сафи Артиши миллӣ ба итмом мерасад. Аз равиши сафарбаркунинии ҷавонон ба хизмат хулоса кардан мумкин аст, ки имрӯз танҳо қишри тангдасту камбағал ба он ҷалб мешаванд. Як нигоҳ кунед ба атроф ва он ҳамсояву хешовандону дӯстонатон, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастаанд. Оё нафаре аз онҳо писари вазир, раис ва тоҷири муваффақе ҳаст, албатта ки ҳеҷ кадоме аз инҳо нестанд. Пас вақте фарзандони ин тоифаи воломақом ба хизмат ҷалб нашаванд, бояд писарони деҳқони фақир ва муҳоҷири кӯҳистоние ба сафи артиш пайванданд. Чаро бояд маҳз фарзанди фақир марзи кишварро ҳифз кунад ё магар Ватани танҳо онҳост. Чаро? Зеро ӯ тангдаст аст ва фақир наметавонад фарзандашро ба донишгоҳ дохил кунад, зеро маблағ барои пӯшонидани хароҷоти фарзандашро надорад. Пас қисми зиёди онҳо ба муҳоҷират мераванд.

Донишҷӯёни имрӯз чӣ кор мекунанд, магар паси курси барои ҷустуҷӯи илм омадаанд, на албатта барои гурез аз хизмат толибилмиро ихтиёр кардаанд. Он ҳангом, ки зинаи аввали таҳсил тамом шуд, боз ба магистратура паноҳ мебаранд. Бо ин равиш синни хизматиашонро сарбаландона расо мекунанд.

Агар ин тавр бошад, пас чаро чораеро пеш намегузорем, то ҳама мисле ки дар назди қонун баробаранд, барои адои хизмат низ барқарор шаванд. Беҳтар нест, ки хизмат дар сафи артишро барои ҳама– фақиру доро, донишҷӯву муҳоҷир ва раисбачаву вазирзода ҳатмӣ шавад, то машаққати аскариро якҷо паси сар кунанд. Шояд пас ин адолати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шавад.

Нуралӣ Карим

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *